«АНДАЛЕБ-2025». Дар Панҷакент даври шаҳрии фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Санъаткорони шаҳри Панҷакент дар даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Андалеб-2025», ки дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор гардид, маҳорати баланди ҳунарӣ нишон дода, сазовори 116,7 хол гардиданд. Ин нишондиҳанда ҳоло дар миқёси вилояти Суғд баландтарин аст.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад, ки ба ҳунари санъаткорони шаҳр ҳайати доварон аз Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳо гузоштанд.
Суруди ҳамсароён, рақси якка, суруди якка, суруди анъанавӣ, сюитаи вокалӣ, ки санъаткорони шаҳр бо маҳорати баланд иҷро намуданд, сазовори баҳои баланди ҳакамон дониста шуданд.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Андалеб-2025» ҳифзи фарҳанг ва мероси моддию маънавӣ, иттиҳоду ҳамбастагии мардум, баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастӣ, дарёфти ҷеҳраҳои нави ҷодаи санъат ва тарбияи насли наврас дар руҳияи миллию ватандӯстӣ мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад






