Аз ҷониби нашриёти «Адиб» чор китоб ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби нашриёти «Адиб» чор китоб аз чоп баромад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз нашриёти «Адиб» иттилоъ доданд, ин китобҳо «Яке аз ҳазорон»-и Чоршанбеи Деҳнавӣ, «Қумрӣ шишту шоҳин парид»-и Шодӣ Солеҳ, «Ҳунар ва сарнавишти мо»-и Толибҷон Бобоев ва «Хотироти театрӣ»-и Ортиқ Қодир мебошанд.
Китобҳо дар доираи амалисозии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» чоп гардидаанд.
Дар китоби «Яке аз ҳазорон» маҷмуаи ҳикояҳои адиби тоҷики муқими Узбекистон Чоршанбеи Деҳнавӣ ва дар китоби «Қумрӣ шишту шоҳин парид» драмаҳои Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шодӣ Солеҳ ҷой дода шудаанд, ки бештарашон дар шакли танзу мазҳака эҷод гардидаанд.
Хонанда имкон дорад аз китоби «Ҳунар ва сарнавишти мо»-и Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Толибҷон Бобоев портретҳои эҷодӣ ва хотироту ёддоштҳои навро мутолиа намояд.
Дар китоби «Хотироти театрӣ» қиссаю хотироти ҷолибу дилнишини Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир ба қалам омадаанд.
АКС: Нашриёти «Адиб»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






