Бахшида ба Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид

Август 18, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 18.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 август дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот иттилоъ доданд.

Зимни ҷаласа сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Султон Бекмуродзода иброз намуд, ки «соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳими иҷтимоӣ ба шумор рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он диққати махсус зоҳир менамояд. Маҳз бо сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  соҳаи тандурустӣ дар мамлакат пайваста рушд менамояд».

Таъкид гардид, ки иди касбии кормандони тиб бо мавлуди алломаи Машриқзамин- Абуалӣ ибни Сино робитаи бевосита дорад. Зеро дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дошта, хазинаи тибби халқи тоҷик ба таври ғанию беназир ташаккул ёфтааст.

Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ёдоварӣ аз дастовардҳои соҳа гуфт, ки «дар самти назорати фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамасола натиҷаҳои беҳтару бештар ба даст оварда мешаванд. Ин омил ба сифати хизматрасонии тиббӣ, рушди сабку усулҳои табобат ва ворид намудани таҷҳизоти муосир ба муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон мусоидат менамояд».

Дар ҷаласа як зумра кормандони хадамот барои фаъолияти хуби корӣ  бо нишонаи Аълочии тандурустӣ ва ифтихорномаю сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 18, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд