Байни консерваторияҳои Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Август 26, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 26.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Консерваторияи Тянтсини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар»аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Ёддошти тафоҳум 25 августи соли 2025 дар шаҳри Тянтсини Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.

Ҳамкории фарҳангию эҷодӣ яке аз унсурҳои муҳимми таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории мутақобили судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Ин санад ба рушди робитаҳои фарҳангӣ ва илмии ду мамлакат мусоидат менамояд.

Имзои Ёддошти тафоҳум оғози марҳилаи нав дар робитаҳои муассисаҳои олии мусиқии Тоҷикистон ва Чин буда, ба тавсеаи ҳамкории касбӣ, таҳкими арзишҳои фарҳангӣ ва рушди истеъдодҳои ҷавон мусоидат менамояд.

АКС: Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Август 26, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад