Барномаи иҷроии ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи варзиш ва ҷавонон ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Теҳрон «Барномаи иҷроии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон барои солҳои 2025–2026» ба имзо расид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки санади мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон вазири Вазорати варзиш ва ҷавонон Аҳмади Дунёмолӣ ба имзо расониданд.
Барномаи иҷроӣ рушди ҳамкориро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла таҷрибаи идоракунии варзиш, табодули ҳайатҳои ҷавонон, баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, даврҳои омӯзишӣ ва ташкили чорабиниҳои муштарак дар назар дорад.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқоти расмии ҳайати Тоҷикистон бо вазири Вазорати варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон масъалаҳои густариши робитаҳо байни сохторҳои марбутаи ҳарду давлат баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо зарурати таҳкими муносибатҳои дӯстона байни ҷавонон ва варзишгарон, инчунин густариши ҳамкории минтақавию байналмилалиро таъкид намуданд.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи Барномаи иҷроии имзошуда ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва тақвияти ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаи ҷавонон ва варзиш мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






