Дар беш аз 189 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар Тоҷикистон дар беш аз 189 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида шуд.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ба ҳолати 22 август дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ дар 189 ҳазору 504 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, дар 113 ҳазору 616 гектар ғалладонагӣ, дар 310 гектар картошка, дар 19 043 гектар сабзавот, дар 7829 гектар полезӣ, дар 3939 гектар зироати техникӣ ва дар 44 ҳазору 768 гектар хӯроки чорво кишт карда шудааст.
Бояд гуфт, ки кишти такрорӣ яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад. Бо риояи технологияи дурусти агротехникӣ ва интихоб намудани навъҳои мувофиқ метавон дар як мавсим ду ё зиёда ҳосил ба даст овард ва самараи меҳнатро зиёд намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи истифодаи самаранок ва оқилонаи обу замин таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Сол аз сол миқдори заминҳои корам зиёд гардида, заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд. Дар ин замина ҷойи нави кор пайдо шуда, некуаҳволии мардум боз ҳам беҳтар мешавад.
Ба иттилои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 январи соли 2025 майдони умумии 1652 гектар, аз он 1598 гектараш замини обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла, 343 гектар, аз он 330 гектараш замини обӣ аз ҳисоби заминҳои партов, 631 гектар чарогоҳ ва 678 гектар дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ азхуд карда шуданд.
Дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои мушаххас давоми панҷ соли охир аз ҳисоби заминҳои партов, чарогоҳ ва дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда майдони умумии 8480 гектар, аз он 8167 гектараш обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид.
Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ барои ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат тавассути ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи даҳҳо барномаи соҳавӣ, аз ҷумла дар самти таҷдиди сохтори ташкиливу ҳуқуқии хоҷагиҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва ғайра ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.
Таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ низ ба раванди кишти такрорӣ ва зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин истифодаи боз ҳам беҳтари замин ва гирифтани ду-се ҳосил мусоидат намуд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, дар замони истиқлолият маданияти истифода бурдани замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад. Ин барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд
Барои татбиқи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Хатлон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад






