Дар Душанбе доир ба Истиқлоли давлатӣ ҳамчун рукни асосии идеологияи миллӣ ҳамоиши ҳизбиён баргузор шуд

Август 22, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 22.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ҳамоиш муовини Раиси Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои идеологии пойтахт, роҳбарони ташкилотҳои ҳизбӣ ва  намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи ииҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён иброз дошт, ки имрӯзҳо мо мардуми Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем. Ҳамаи моро мебояд, дар амалӣ намудани ҳадафҳои некусозандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем.

Дар идома муовини Раиси Ҳизби Халкқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода вобаста ба нақш ва мафҳуми Истиқлол ибрози назар намуда, такъид кард, ки истиқлолу озодӣ барои ҳар миллат дастоварди муқаддас ба шумор мераванд. Миллати тоҷик дар тӯли садсолаҳо бо ормони давлати мустақили миллӣ зиндагӣ ба сар мебурд.

Иброз гардид, ки даврони Истиқлолиятро марҳилаи рушд ва инкишофи андешаи ҳуқуқи инсон низ номидан мумкин аст. Маҳз дар ҳамин давра ба таври расмӣ дар сатҳи Консититутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид.

Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода вобаста ба таърихи истиқлоли давлатии Тоҷикистон сухан гуфта, тазаккур дод, ки Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ бояд дар ниҳоди ҳар як фарди ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавон тарғиб ва ҳифз карда шаванд. Ҳифзи марзу буми ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанг ва генофонди миллӣ, инчунин тарғиби идеологияи солими миллӣ масъулияти ҳамаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба хусус ҳамсафони мо мебошад.

Зимни ҳамоиш якчанд аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон, ки дар амалишавии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб саҳм гузоштанд, бо Сипоснома ва медали ҷашнии 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон ба як зумра ҷавонон, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

АКС: шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Август 22, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд