Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ доир гардид

Август 15, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 15.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 август дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, коршиносони байналмилалӣ аз Туркманистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ташкилоти маъюбон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ хабар доданд.

Дар форум Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз  дошт, ки «шахсони маъюб дар меҳвари сиёсати иҷтимоии мамлакат қарор доранд ва мо тамоми иқтидорро ба фароҳам овардани муҳити дастрас, имконияти баробар ва зиндагии арзанда барои онҳо равона менамоем».

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 июни соли 2025 дар ҷумҳурӣ 170 669 нафар маъюбон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 35 229 нафар кӯдакон мебошанд. Ҳиссаи маъюбон дар мамлакат 1,6% аҳолиро ташкил медиҳад, ки яке аз нишондодҳои пасттарин дар минтақа аст. Ҳамасола беш аз 12 ҳазор нафар маъюбон бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин гардида, ҳазорҳо нафар аз имтиёзҳои табобатӣ ва истироҳатӣ истифода мебаранд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти олии  Ҳукумати мамлакат нисбат ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ, махсусан маъюбон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ин қишри ҷомеа таҳти ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Форум идомаи мантиқии чорабинии соли 2019 буда, ҳадафи он тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, баррасии таҷрибаи татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи ҳуқуқи маъюбон», муайян намудани мушкилоти мавҷуда ва таҳияи тавсияҳо барои ҳалли онҳо мебошад.

Дар Тоҷикистон Махзани ягонаи иттилоотӣ оид ба маъюбон фаъол аст, ки барои банақшагирии сиёсати давлатӣ маълумоти муфассал фароҳам меорад.

         АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 15, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад