Дар Душанбе таҳкими ҳамкорӣ вобаста ба конфронси СИТЕС баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ вобаста ба конфронси дарпешистодаи СИТЕС- /Convention on International Trade in Endangered Species of Wild Fauna and Flora/ Конвенсия оид ба савдои байналмилалии навъҳои наботот ва ҳайвоноти ваҳшии дар зери хатари нобудшавӣ қарордошта зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Кейко Фурута дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ дар доираи Маркази иттилоотии ҷаҳонии гуногунии биологӣ (GBIF) ва ташаббуси иттилоот оид ба гуногунии биологии Ҷопон (JBIF), инчунин ҳамкорӣ дар марҳалаи дуюми Фонди гуногунии биологии Ҷопон дар доираи барномаи чаҳорчӯбаи Кунмин–Монреалро муҳокима намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи муколамаи дуҷониба ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак ба хотири ҳифзи мероси табиӣ ва рушди устувор изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад






