Дар Ховалинг ҷаласаи Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 август дар ноҳияи Ховалинг ҷаласаи навбатии Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ, таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва роҳҳои бартараф намудани он, иҷрои талаботи бандҳои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», чораҳои амалишуда дар самти татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ҷалби омӯзгорон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Иброз гардид, ки илму таҳсил аз соҳаҳои калидии мамлакат ба ҳисоб рафта, рушди иқтисод ва дигар ҷабҳаҳои ҷамъият ба он рабти қавӣ дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро соҳаи афзалиятноки мамлакат эълон намуда, масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилро пайваста дар суханрониҳо ва вохӯриҳояшон бо аҳли ҷомеа таъкид менамоянд.
Имрӯз ҳарчанд масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ то андозае ҳал шудааст, вале чанд мушкилие низ ба назар мерасанд, ки метавонанд дар оянда барои омода намудани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ монеа эҷод кунанд, ба монанди норасоии кадрҳои соҳибтахассус, нарасидани китобҳои дарсии соҳавӣ, мавҷуд набудани шароити мусоид барои мувофиқа кунонидани машғулияти назариявӣ бо амалӣ ва ғайра.
Бо мақсади таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ 73 номгӯй китоб таҳия шуда, аз ин шумора 50 номгӯй нашр ва барои истифода ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод шудааст.
Дар анҷоми ҷаласа ба роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ барои рафъи мушкилоти мавҷуда ва омодагии пурра ба соли нави таҳсил дастур дода шуд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






