Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ панҷоҳ ҳазор сокинони ноҳия бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 24.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 август дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти шиори «Лоиҳаи беҳтар намудани таъминоти об-қадами устувор ба сӯйи зиндагии босифат» ҳамоиш доир гардид. Зимни он лоиҳа рӯнамоӣ шуда, баррасии марҳилаҳои татбиқи он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар медиҳад.
Тибқи лоиҳа, дастрасии аҳолии ноҳия ба оби тозаи нӯшокӣ афзоиш дода шуда, шароити беҳтари санитарию беҳдошт барои сокинон фароҳам оварда мешавад.
Раиси ноҳия Маҳмуд Амирзода иброз намуд, ки ин иқдом дар ҷавоб ба сиёсати давлатии иҷтимоӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини зиндагии шоиста рӯйи кор омадааст.
Изҳор гардид, ки таъмини аҳолӣ бо оби тоза на танҳо масъалаи инфрасохторӣ, балки ҷузъи муҳимтарини амнияти иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа мебошад.
Бо татбиқи муваффақонаи ин лоиҳа даҳҳо ҳазор сокинони ноҳия бо оби босифати нӯшокӣ таъмин мешаванд, ки ин боиси беҳтар гардидани саломатии омма ва коҳиши бемориҳои ба об вобаста мегардад.
Дар доираи лоиҳа навсозии шабакаҳои обрасонӣ, сохтмони нуқтаҳои обкашӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар назар аст, ки баъди амалишавии ин лоиҳа панҷоҳ ҳазор нафар сокинони ноҳия бо оби нӯшокӣ таъмин гарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






