Дар ноҳияи Айнӣ оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, шарҳу тавзеҳ додани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ вохӯрии гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо сокинон ва намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар вохӯрӣ Вазири адлия ба иштирокчиён оид ба масъалаҳои амалисозии самараноки сиёсати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи мақсадноки имконоти мавҷуда, пурра таъмин намудани аҳолӣ бо неруи барқ, кам кардани талафоти неруи барқ ва муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.
Иштирокчиёни ҳамоиш доир ба ҷараёни татбиқи сиёсати давлат дар самти назорати истифодаи оқилонаи неруи барқ, пешгирии қонуншиканиҳо ва таҳкими низоми ҳисоббаробаркунӣ сухан гуфтанд. Иброз гардид, ки дар шароити имрӯза, ки афзоиши талабот ба неруи барқ бо назардошти амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ба мушоҳида мерасад, масъалаи сарфакорона ва оқилона истифода бурдани қувваи барқ аҳамияти муҳим касб намудааст.
Пешгирии ғайриқонунии истифодаи неруи барқ дар Тоҷикистон аз шаҳрвандон ҳисси баланди масъулият ва ватандӯстию ватанпарастӣ талаб менамояд. Таъсиси ситодҳои махсус, насби ҳисобкунакҳои муосир ва баланд бардоштани маърифати баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби сокинон метавонад дар коҳиш додани амалҳои ғайриқонунӣ ва солимгардонии вазъи энергетикии мамлакат нақши муҳим дошта бошад.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






