Дар ноҳияи Рӯшон майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шуданд

Август 29, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 29.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Рӯшон майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи иншоот дар деҳаи Баҷуви Ҷамоати деҳоти Пастхуф Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки дар замони 34 соли Истиқлол мамлакати мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мамлакати афсонавӣ мубаддал гардида, имрӯз хурду бузурги Тоҷикистон дар фазои орому осуда умр ба сар мебаранд.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба марҳилаи рушд ворид шуда, дар тамоми самтҳо ба дастовардҳои азим ноил гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар шаш моҳи соли равон 27 муассисаи томактабӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар се соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корхонаҳои саноатӣ ифтитоҳ гардиданд.

Дар деҳаҳои Шуҷанд ва Емси Ҷамоати деҳоти Рӯшон майдончаҳои варзишӣ, ки бо ташаббуси ҷавонони деҳаҳо ва мусоидати ҳамаҷонибаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ сохта шудаанд, мавриди истифода қарор гирифтанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Август 29, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд