Дар Остона ҷаласаи ғайринавбатии Шурои роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид

Август 15, 2025 09:58

ДУШАНБЕ, 15.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи ғайринавбатии Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори агентӣ Сулаймон Султонзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, дар ҷаласа намояндагон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Русия ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ иштирок намуданд. Онҳо ҳамзамон вобаста ба мушкилоти мавҷудаи минтақа ва равишҳои умумӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар доираи шуро мубодилаи афкор анҷом доданд. Иштирокдорон ҳамчунин фаъолияти шуроро дар таҳкими сулҳу субот ва амнияти иқтисодии кишварҳои минтақа баланд арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти шуро мунтазам рушд менамояд ва имкон медиҳад, ки содиршавии ҷиноятҳои иқтисодии фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ пешгирӣ ва нисбат ба онҳо чораҳои зарурии саривақтӣ дида шаванд.

Ба иштирокчиёни ҷаласа аз ҷониби масъулини Агентии мониторинги молиявии Ҷумҳурии Қазоқистон низомҳои иттилоотӣ оид ба муқовимат ба ҳуқуқвайронкунии иқтисодию молиявӣ муаррифӣ карда шуданд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 15, 2025 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид