Дар Теҳрон густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти ҷавонон ва варзиш баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкории дуҷониба дар самти ҷавонон ва варзиш ва мубодилаи таҷриба дар бахши рушду тарбияи насли ҷавон дар мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо Вазири варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмади Дунёмолӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо доир ба тақвияти робитаҳои дӯстона байни созмонҳои варзишӣ ва ҷавонони ҳарду мамлакат, инчунин татбиқи барномаҳои муштарак барои солҳои 2025–2026 табодули назар намуданд.
Вазири варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкории Тоҷикистону Эронро дорои заминаҳои амиқи таърихию фарҳангӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ин робитаҳо метавонанд дар таҳкими дӯстӣ ва рушди варзиши касбию оммавӣ нақши муассир дошта бошанд.
Ҳайати Тоҷикистон барои татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла баргузории мусобиқаҳои гуногуни дӯстонаи варзишӣ, табодули ҳайатҳои ҷавонон ва таҷрибаомӯзии мутахассисон изҳори омодагӣ намуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт






