Иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид

Август 26, 2025 09:44

ДУШАНБЕ, 26.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи иштироки доираҳои соҳибкориро дар намоишгоҳҳои байналмилалии ҳарду давлат мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, иштироки доираҳои соҳибкорӣ, форумҳои сармоягузорию тиҷоратии ҳарду давлат, ташкили ҳайатҳои тиҷоратӣ ва дигар масъалаҳои муҳим табодули афкор намуданд.

Ифтитоҳи дафтари намояндагии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекин иқдоми муҳим ва созанда арзёбӣ гардид.

Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории зич байни доираҳои соҳибкорӣ, инчунин сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин ба иқтисодиёти мамлакат изҳори сипос намуда, барои густариши ҳамкории судманди соҳибкорони ҳарду давлат изҳори ҳавасмандӣ намуд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 26, 2025 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад