«ҲОМИИ ИСТИҚЛОЛЕМ». Бо иштироки муҳофизони Ватан дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиш доир шуд

Август 20, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 20.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳомиёни Истиқлолем»- таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамоиши афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони ҳамоиш оид ба аҳамияти Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳи таърихии ба даст овардани ин неъмати бебаҳо, душвориҳои тайнамудаи мамлакат ва нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини сулҳ ва суботи ҷумҳурӣ, аз ҷумла саҳми ҳар хизматчии ҳарбӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ибрози андеша намуданд.

Иштирокдорони ҳамоиш арзишҳои ахлоқию маънавии сарбозон, нақши афсарон дар ҷомеа, ватандӯстӣ ва рисолати баланди сарбозон дар ҳифзи Ватан, инчунин аҳамияти тарбияи насли ҷавон дар руҳияи садоқат ба давлат ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро махсус таъкид намуданд.

Бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат имрӯз иқтидори мудофиавии Тоҷикистон таҳким ёфта, шароити хизмати ҳарбӣ беҳтар ва кафолатҳои иҷтимоӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳо таъмин гардидааст.

Дар анҷоми ҳамоиш як зумра сарбозону афсарони шуҷои қисмҳои низомии ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ бо «Сипоснома»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Август 20, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад