ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар шаҳри Ҳисор се мактаби нав ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 22.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар остонаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози соли нави таҳсили 2025-2026 ва Рӯзи дониш дар шаҳри Ҳисор се муассисаи таълимии нав бо 74 синфхона мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳр ҳамзамон 6 бинои иловагии мактаб бо 104 синфхона, дар маҷмуъ 178 синфхона барои 8 ҳазору 900 хонанда дар ду баст ба истифода дода мешавад. Яъне, дар шаҳри Ҳисор қариб 9 ҳазор ҷойи нави нишаст дар ду баст таъсис меёбад.
Муовини Раиси шаҳри Ҳисор иброз намуд, ки се муассисаи таълимии нав дар Рӯзи дониш дар мавзеи Уртабузи Ҷамоати шаҳраки Шарора, маҳаллаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо ва кӯчаи ба номи Файзулло Абдуллоеви шаҳраки Ҳисор ифтитоҳ карда мешаванд. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор дар соли нави таҳсили 2025-2026 дар шаҳр қариб даҳ ҳазор кӯдак бори нахуст ба мактаб мераванд.
Бояд гуфт, ки барои сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва дигар синфхонаҳои иловагӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор беш аз 107 ҳазор дона хишт тақсим карда шуд. «Дар сохтмони биною синфхонаҳои иловагӣ соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатманд низ нақши босазо мегузоранд. Сохтмони биноҳои муассисаҳои таълимии замонавӣ дар муддати 7-8 моҳ сохта шуда, бо назардошти афзоиши аҳолӣ аз се қабат иборат мебошанд»,- иброз намуд Бунафша Юлдошзода.
Ҳоло дар шаҳри Ҳисор 135 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 86 ҳазор хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бо дахли таъмини хонандагон бо либосҳои мактабӣ ва дигар асбобу аёният Бунафша Юлдолшзода иттилоъ дод, ки дар марказҳои савдою тиҷоратӣ, ба мисли В1 ва бозору мағозаҳои шаҳри Ҳисор бо мақсади дастрас намудани либос ва дигар ашёи хониш барои хонандагон ярмаркаҳо ташкил карда шудаанд. Дар онҳо либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш бо нархҳои дастрас фурӯхта мешаванд.
Бо мақсади таъмину муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бо дастгирии Раиси шаҳри Ҳисор дар остонаи соли нави хониши 2025-2026 ба муассисаҳои таълимии шаҳр 1000 ҷуфт мизу курсӣ, тахтаи синф ва дигар асбобу анҷоми хониш тақсим карда мешавад.
Яке аз ҳадафҳои асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар радифи фароҳам овардани шароити мусоиди таълим ва бунёди мактабҳо инчунин баланд бардоштани сифати таҳсил дар мактабҳо мебошад. Дар ин самт дар ҳамкорӣ бо аҳли маорифи шаҳр ва волидайни хонандагон ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ҳамзамон дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор сохтмони чор муассисаи томактабӣ ва нуҳ маркази инкишофи кӯдак дар назар дошта шудааст. Сохтмони баъзе аз ин муассисаҳо аллакай оғоз гардидааст. Инчунин дар назди 22 муассисаи таълимӣ таъмиру муҷчаҳазгардонии 22 маркази инкишофи кӯдак идома дорад, ки барои фарогирии беш аз 2 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия пешбинӣ шудааст.
Дар маҷмуъ, аҳли маорифи шаҳри Ҳисор соли нави таҳсили 2025-2026-ро бо навгониҳо ва дастовардҳои беназир истиқбол намуда, сайъ доранд, ки бо назардошти фароҳам гардидани имконоти васеъ дар соҳаи маориф дар таълиму тарбияи насли наврас ва ояндасози миллат саҳми муносиб гузоранд. Зеро пешрафти ҳар давлат ва миллат аз соҳаи маориф, ки яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ аст, сарчашма мегирад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид






