ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар шаҳри Турсунзода 15 бинои иловагии мактаб ва 5 муассисаи томактабии хусусӣ ба истифода дода мешавад

Август 20, 2025 13:40

ТУРСУНЗОДА, 20.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли нави таҳсил дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода 15 бинои иловагии муассисаҳои таълимӣ бо 164 синфхонаи иловагӣ ва 3936 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Ҳамчунин то якуми сентябри соли равон дар маркази шаҳри Турсунзода панҷ кӯдакистони хусусӣ мавриди истифода қарор мегирад. Инҳо кӯдакистони  «Лола» бо фарогии 70 нафар, кӯдакистони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷи Шифо» бо 300 кӯдак, кӯдакистони  «Малика» бо 120 кӯдак, кӯдакистон аз соҳибкор Ҷамшед Раҳматуллоев бо 300 кӯдак ва кӯдакистону Маркази инкишофи кӯдак аз соҳибкор Акбарҷон Тураев бо фарогирии 100 нафар мебошанд.

Тибқи иттилои масъулини шаҳри Турсунзода, ин биноҳо бо беҳтарин шакл сохта шуда, бо тамоми намуди таҷҳизот, мизу курсӣ ва аёният муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Бояд гуфт, ки барои бартараф кардани мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ ва таъмини кӯдакон бо муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Турсунзода  сохтмони  биноҳои иловагӣ дар назди 28 муассисаи таълимӣ бо таъмини 9360 ҷойи нишаст дар як баст ва  сохтмони  7 муассисаи томактабӣ   бо теъдоди 1012 ҷой идома дорад. То охири соли 2025 қисми зиёди ин иншоот мавриди истифода қарор мегиранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 20, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд