ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои қабули донишҷӯён омода аст

Август 28, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 28.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи соли нави таҳсил ва 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон корҳои омодагӣ идома доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз донишкада хабар доданд, дар давраи таътили тобистона тамоми синфхонаю устохонаҳо, даҳлезу роҳравҳо, бинои таълимӣ, толори Шурои олимон ва факултетҳо аз таъмиру ороиш бароварда шуда, атрофи муассиса рангубор карда шуд ва воситаҳои техникии таълим ба соли нави таҳсил омода гардиданд.

Дар ин давра 62 синфхонаю устохонаи таълимии муассиса пурра таъмир гардида, дарҳои ҳамаи синфхонаҳо комилан иваз карда шуданд. Ҳамзамон онҳо бо воситаҳои техникӣ, чун мизу курсӣ, тахтаи синф, лавозимоти расмкашӣ, воситаҳои техникӣ ва дигар асбоби аёнӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

Роҳравҳо аз ошёнаи якум то сеюм пурра таъмир гардида, атрофи бинои таълимӣ тозаю озода карда шуд ва зиёда аз 2000 адад гулҳои мавсимӣ шинонда шуданд.

Ҳамзамон дар хобгоҳи донишкада низ ҳолати омодагӣ дар сатҳи баланд аст. Хобгоҳ дорои 110 ҳуҷра буда, роҳравҳо ва намуди берунии бино аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Барои қабули донишҷӯён дар ҳуҷраҳо 350 кати хоб ва мизу курсӣ барои дарстайёркунӣ гузошта шуда, ошхона, китобхона, толори маҷлисгоҳ ва майдончаи варзишӣ тозаю озода гардонида шуданд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Август 28, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд