«ШОҲНОМА ВАТАН АСТ». Корвони китоби «Шоҳнома» ба ноҳияи Тоҷикобод ворид гардид
ТОҶИКОБОД, 20.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шиносоӣ бо гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони китоби «Шоҳнома» (ҷилдҳои як ва ду) ба ноҳияи Тоҷикобод ворид гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ доданд.
Китоби «Шоҳнома» (ҷилдҳои як ва ду) бо теъдоди 14 ҳазору 12 нусха ба ноҳияи Тоҷикобод ворид дастрас карда шуд, ки имрӯзҳо тақсими он дар 7006 хоҷагӣ идома дорад.
Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба интишор ва ба ҳар хонаводаи тоҷик тақдим намудани «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ идомаи ташаббусҳои дурбинонаю ватандӯстонае мебошад, ки на танҳо ба баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастии мардум, балки боло бурдани сатҳи маънавӣ ва ҷаҳонбинию дунёшиносии сокинон нигаронида шудааст.
«Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ аз ҷониби комиссияи босалоҳияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва рақамгузорӣ карда шуда, ба ҳар хонавода ҳамчун туҳфаи таърихӣ ва рамзию арзишманди Сарвари давлат тақдим мегардад. Дар айни замон тақсими китобҳо дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия идома дорад.
Сокинони бо нангу номуси ноҳияи Тоҷикобод туҳфаи арзишманди Президенти Тоҷикистонро бо хушнудию сарфарозӣ қабул намуда, иброз доштанд, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бохабар гардидани сокинони Тоҷикистон аз таъриху гузаштаи ниёгон ва баланд бардоштани маърифату фарҳанги мардум дар баробари китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бори дуюм аст, ки китоби «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсии бузургро ба ҳар оила туҳфа менамоянд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Сарвари давлат мо кӯшиш менамоем, ки бо фарзандонамон ин китобҳои таърихии миллати тоҷикро хонем, аз таъриху фарҳанги гузаштаамон бохабар гардида, насли наврасро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод











Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






