Татбиқи барномаҳои миллӣ ва Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 август вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Намояндаи доимии навтаъйини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Судипто Мукерҷӣ баргузор гардид. Зимни он ҷонибҳо вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ барои сафарбаркунии захираҳои молиявӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти Шурои шарикони рушд ва кумаки донорҳо ва татбиқи барномаҳои миллию Ҳадафҳои рушди устувор ибрози омодагӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушди мамлакат устувории иқтисодӣ таъмин шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноил гардидан ба ҳадафу афзалияти стратегӣ ва Ҳадафҳои рушди устувор ба дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Аз ҷумла, новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ давоми чор соли охир суръати рушди иқтисодии мамлакат дар сатҳи 8,5 фоиз таъмин гардид.
Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шарики боэътимоди Тоҷикистон дар чунин самтҳо, ба монанди тақвияти иқтидори зеҳнӣ, таҳкими раванди банақшагирии стратегӣ ва низоми миллӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ, дастгирии равандҳои таҳияи Шарҳи ихтиёрии миллӣ (VNR), Шарҳи ихтиёрии маҳаллӣ (VLR) ва таҳияи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ барои солҳои 2026-2030» ба ҳисоб меравад.
Ҷонибҳо ҳамкории дутарафаро дар самтҳои мусоидат ба амалигардонии ҳадафу афзалияти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии сатҳи маҳал ва амалисозии Ҳадафҳои рушди устувор муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкдид гардид, ки Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар айни замон дар марҳилаи таҳияи Барномаи кишварӣ қарор дорад. Он бояд пурра бо ҳадафу афзалияти миллӣ, бахусус «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» ҳамоҳанг карда шавад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






