Тоҷикони муқими шаҳри Толяти аз пешрафту дастовардҳои Тоҷикистон ифтихор менамоянд

Август 27, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 27.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия  ҷамъияти тоҷикон  ба таври густурда фаъолият намуда, ҳамчун неруи созандаю пешбаранда барои муттаҳид сохтани ҳамватанони бурунмарзӣ  ва тақвияти робитаҳои фарҳангию маънавӣ хизмат менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

              Бояд гуфт, ки тоҷикони муқими шаҳри Толятии Федератсияи Русия бо арҷгузорӣ ва эҳтиром ба анъанаву арзишҳои миллӣ дар раванди  корҳои ободонию бунёдкорӣ, ки дар ҷумҳурӣ ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни  35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳукми анъана даромадааст, фаъолона иштирок намуда, бо сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ ба зиндагии рӯзмарраи худ дар кишвари иқомат таҳким мебахшанд. Хусусан тоҷикони муқими шаҳри Толяти ҷашнҳои миллию давлатӣ, аз ҷумла Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо руҳияи баланди  ватандӯстӣ ва ифтихор аз имрӯз ва фардои рушду пешрафти Тоҷикистон   бо баргузории ҳамоишу чорабиниҳои гуногуни  фарҳангӣ истиқбол мегиранд.

Бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ тоҷикони шаҳри Толяти барои ҳифзи арзишҳои миллии тоҷикон –забону фарҳанги миллӣ ва дигар суннатҳои аҷдодӣ  сайъю талош намуда,  кӯшиш доранд ҳувияти миллии худро нигоҳ доранд. Бо баргузории вохӯриҳо ва барномаҳои гуногуни фарҳангӣ масъулони ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Толяти ба масоили муҳити фикрӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҳамдиёрони бурунмарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Масъулони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Толяти мегӯянд, ки «дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо барои ҳар фарди ҷомеа  ифтихори миллӣ ва ҳисси худшиносию худогоҳӣ ҷойгоҳи  хосса дорад. Азбар намудани донишҳои муосир, омӯзиш ва  ҳифзи таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ яке аз омилҳои асосии ташаккули  ҳувияти миллӣ ва ифтихор аз Ватани аҷдодӣ мебошад».

        Тоҷикони муқими шаҳри Толяти бо ифтихори баланд аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуда, бар ин назар ҳастанд, ки Тоҷикистон барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ сарзамини муқаддас  аст. Ватани мо дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш  мавқеи шоиста касб намуда,  дар соҳаҳои гуногун  ба пешрафту комёбиҳо ноил  мегардад.

Руҳияи ватандӯстӣ на танҳо ба таҳкими робитаҳои байни тоҷикон, балки ба муаррифии шоистаи  миллат ва фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, хусусан дар қаламрави Русия  мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 27, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд