Вазирони энергетика ва хоҷагиҳои оби Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашии мамлакат шинос шуданд

Август 4, 2025 10:12

ДУШАНБЕ, 04.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳамроҳ бо вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Ҳамроев ва вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашии «Сомғар-1», «Хоҷабақирғон-1»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Марҳам»-и шаҳри Конибодом шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки пойгоҳҳои мазкур солҳои 50-ум ва 70-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, ҳамчун иншооти муҳими обрасонӣ барои обёрии ҳазорҳо гектар заминҳои кишоварзӣ хизмат менамоянд. Бо вуҷуди аҳамияти бузурги пойгоҳҳо ин дастгоҳҳо дар натиҷаи истифодаи дарозмуддат фарсуда гардида, ниёз ба таҷдид доранд.

Дар баробари ин дар ин пойгоҳҳо истеъмоли неруи барқ аз меъёр зиёд мебошад.

Мақсади шиносоии муштарак баррасии роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти беҳсозии зерсохторҳои обкашӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва мубодилаи таҷриба барои истифодаи самараноки захираҳои об дар минтақа арзёбӣ гардид.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 4, 2025 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид