Зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои санъати тасвирӣ ва дизайн тағйироти амиқ ба вуҷуд овардааст

Август 31, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 31.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони муосир истилоҳи «зеҳни сунъӣ» дигар танҳо вожаи фаннӣ нест. Он имрӯз ба қувваи бузурги тағйирдиҳандаи иқтисод, илм, фарҳанг ва ҳатто тарзи зиндагии мо табдил ёфтааст.

Зеҳни сунъӣ маҷмуи технологияест, ки ба дастгоҳҳо имкон медиҳад мисли инсон фикр кунанд, маълумот омӯзанд, қарор қабул намоянд ва вазифаҳои мураккабро иҷро намоянд. Аз шинохти овоз ва чеҳра то тарҷумаи автоматӣ ва эҷоди тасвирҳои беназир имрӯз маҳз бо шарофати AI амалӣ мегардад.

Зарурати истифодаи зеҳни сунъӣ имрӯз беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳаҷми азими маълумот, талаботи рӯзафзуни бозор, суръати баландтари зиндагӣ ва рақобати шадид рӯ ба рӯ аст. Дар чунин шароит зеҳни сунъӣ на танҳо воситаи осонкунандаи кор, балки ёвари муҳим мегардад. Он метавонад корҳои такрориро ба зимма гирад, таҳлилҳои дақиқ анҷом диҳад ва ҳатто дар равандҳои эҷодӣ саҳм гузорад. Маҳз ҳамин зарурат боис шуд, ки мамлакатҳои ҷаҳон ба масъалаи танзим ва идораи дурусти AI таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Тоҷикистон яке аз аввалин мамлакатҳое буд, ки дар ин раванд мавқеи фаъол гирифт. Соли 2025 Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи таърихии худро оид ба зеҳни сунъӣ қабул намуд, ки ташаббусаш аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Ин санад бо ҳадафи таъмини истифодаи бехатар, боэътимод, шаффоф ва ахлоқии зеҳни сунъӣ қабул гардид. Қатънома давлатҳоро даъват мекунад, ки ҳангоми татбиқи технологияҳои нав ҳуқуқи инсонро эҳтиром ва маълумоти шахсиро ҳифз намоянд ва дастрасии баробарро барои ҳамаи миллатҳо таъмин созанд. Ин иқдом баёнгари он аст, ки Тоҷикистон на танҳо шоҳиди пешрафтҳои фаннӣ, балки иштирокчии фаъоли шакл додани сиёсати ҷаҳонӣ дар ин соҳа мебошад.

Дар шароити имрӯз дар рушди соҳаҳои эҷодӣ, аз ҷумла дизайн ва санъати тасвирӣ зеҳни сунъӣ тағйироти амиқ ба вуҷуд овардааст. Пештар рассомон ва дизайнерҳо барои сохтани як тарҳи мураккаб моҳҳо заҳмат мекашиданд, имрӯз барномаҳои AI метавонанд дар чанд сония даҳҳо варианти визуалӣ пешниҳод намоянд. Платформаҳои зиёд дар ин самт имкон медиҳанд, ки танҳо бо истифода аз матн тасвирҳои беназир эҷод карда шаванд. Ин раванд на танҳо суръат ва самаранокиро баланд мебарад, балки имконияти эҷодро барои одамоне, ки таҷрибаи касбӣ надоранд, фароҳам месозад.

Аммо ин тағйирот хатарҳои дуҷониба доранд. Аз як тараф, зеҳни сунъӣ дари эҷодро ба рӯи миллионҳо нафар боз мекунад, аз тарафи дигар, масъалаҳои ҳуқуқи муаллиф, арзиши меҳнати инсон ва асолат ба миён меоянд. Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид давлатҳоро водор месозад, ки механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи муаллифро дар қонунгузории худ равшан намоянд. Ин барои соҳаи санъат ва дизайн хеле муҳим аст, зеро эътимоди ҷомеа ба маҳсулоти эҷодӣ аз шаффофияти раванд вобаста мебошад.

Дурнамои ин соҳаҳо дар давраи зеҳни сунъӣ хеле васеъ ва пурқувват аст. Эҳтимол меравад, ки ҳамкории инсон ва техника ба шаклҳои нави зебоишиносӣ ва жанрҳои тоза оварда расонад. Дар оянда мо метавонем шоҳиди намоишгоҳҳое бошем, ки дар онҳо асарҳои «гибридӣ», яъне натиҷаи ҳамкории рассом-инсон ва алгоритми зеҳни сунъӣ ҷой дода мешаванд. Инчунин бо дастрасии баробар ва афзоиши платформаҳои муосир дизайнерҳо ва рассомони рақамии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ метавонанд дар бозори ҷаҳонӣ бештар ҳузур пайдо намоянд.

Ҳамин тавр, зеҳни сунъӣ дигар танҳо як технология нест, балки он муҳаррики пурқуввати рушди эҷод аст. Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ташаббуси Тоҷикистон қабул шудааст, роҳи равшани истифодаи масъулона ва созандаи онро нишон медиҳад. Агар ин роҳ бо эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва қонунҳои байналмилалӣ идома ёбад, AI метавонад на танҳо ба такмили соҳаҳои дизайн ва санъати тасвирӣ, балки ба рушди фарҳанг ва иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат кунад. Вале дар ҳолати баръакс, аслияти эҷод дучори хатар шуда, худи эҷодкорон арзиши меҳнаташонро аз даст медиҳанд.

Зарнигор САФАРОВА,
муовини декан оид ба тарбия ва корҳои эҷодии факултети санъати тасвирии
Донишкадаи 
давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

Август 31, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
КИТОБ-МУАРРИФИ ДАСТОВАРДҲОИ АДИБОН. Бардошт аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»
Байни «Тоҷикфилм» ва шаш киностудияи кишварҳои ИДМ ва хориҷи наздик Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид
Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи Сомон»-ро коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар соҳиб шуд
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Пагоҳ дар Душанбе намоиши сенздаҳуми байналмилалӣ оғоз мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Таҷлили Меҳргон далели эҳтиром ба фарҳанги қадима ва суннатҳои созандаи миллати тоҷик аст»
Имрӯз дар Фестивали «Оши палов» намудҳои гуногуни ин таоми миллӣ омода карда шуданд
СЕБҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ТАМЪИ ЛАЗИЗАШОН МАШҲУРАНД. Дар Душанбе Иди себ ва ангур таҷлил гардид
Дар Душанбе Иди Меҳргон ба таври тантанавӣ таҷлил гардид
Имрӯз ҷашни Меҳргон бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ оғоз мегардад