ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! 1 октябр даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз мегардад

Сентябрь 28, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 28.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. То оғози маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки ҳамасола 1 октябр шуруъ гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад, рӯзҳои башумор мондаанд. Масъулини мақомоти вобаста ба даъват дар якҷоягӣ бо кормандони Комиссариати ҳарбӣ барои дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мавсими даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст. Яке даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аст, ки аз 1 апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад. Дуюмӣ- даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аст, ки аз 1 октябр шуруъ шуда, то охири моҳи ноябр идома меёбад.

Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.

Тавре қаблан хабар додем, 29 августи соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба тасвиб расид. Тибқи он аз аввали моҳи октябри соли равон дар мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад. Дар робита ба ин аллакай бо иштироки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, сохторҳои қудратии мамлакат, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ якчанд ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни пешаздаъватӣ баргузор гардиданд. Масоили вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ҳамзамон диққати аввалиндараҷа додан ба сатҳу сифати чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои муҳими ин ҷаласаю ҷамъомадҳо мебошад.

Дар робита ба ин дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи навбатии комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2025 ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуд. Зимни ҷаласа ба ҳозирин дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муҳлати муайян ва бо сифати баланд таъмин намудани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ расонида шуд.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» бояд дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд гузаронида шавад. Зеро хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари беҳтар гардидани шароити маишии афсарону сарбозон ҳамзамон дар қисмҳои ҳарбии ҳама сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби будубош ва адои хизмат фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз ҳар ҷавони худогоҳу хештаншинос ва поквиҷдону боиродаро зарур аст, ки вазифаи аввалиндараҷаи хеш- хизмат ба Ватанро вазифаи шаҳрвандию инсонӣ дониста, ин рисолати бузурги ҷавонмардиро бо масъулияти баланд иҷро намояд.

Бо назардошти ин ва вазъи пешгӯинашавандаи ҷомеаи имрӯза ҳар шаҳрванди мамлакатро зарур меояд, ки ба қадри дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан расад, зеро дар ҳама давру замон, махсусан дар шароити имрӯза таъмини амният, суботи сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ вазифаи муқаддас ва пуршараф аст.

Дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, пешгирии ҳолатҳои қонуншиканию кирдорҳои коррупсионӣ, инчунин муносибати дуруст бо аҳолӣ, васеъ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум, санҷиши дақиқ ва муоинаи дурусти тиббӣ, амалӣ намудани муқаррароти моддаи 34–и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз масъалаҳои муҳими ҷаласа буданд, ки мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Бояд гуфт, ки хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонун, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ азбар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш дохил мешаванд. Ҳамчунин дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

Бояд иброз дошт, ки ҷавононе, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмати ихтиёриро интихоб намудаанд, аз имтиёзҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ баҳраманд мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар тарҳи нав қабул карда шуд, ки он аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, тамоми самтҳои фаъолияти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳоеро, ки ба қайд гузоштани хизмати ҳарбиро ба танзим медароранд, дар бар мегирад. Мутобиқи ин қонун, ҳамасола теъдоди муайяни шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват карда мешаванд.

Тавре аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар асоси таҳлилу омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами давлатҳои дуру наздики хориҷӣ таҳия гардида, ба талабот ва шароити ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст. Илова бар ин, қонуни мазкур якчанд навовариҳоро вобаста ба тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти онҳо, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ равона шудааст.

Дарвоқеъ, дар шароити имрӯзаи пуртазод вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ки ҳатто давлатҳои пурқудрат ба таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашта, буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ аксари кишварҳои сайёраро дар ҳолати ноустувор қарор додааст, ягон ҷавони ватандӯсту меҳанпарасти мамлакатро бетафовут гузошта наметавонад. Имрӯзҳо ҷавонони барӯманду қавииродаи ҷумҳурӣ хуб дарк менамоянд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи виҷдонӣ ва имонии онҳо маҳсуб мешавад. Пас месазад, ки ҳар ҷавони ба синни даъватӣ расида барои ҳифзу ҳимояи Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамроҳ гардад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 28, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи амалиёти «Тасмаи бехатарӣ — муҳофизи шумо» беш аз 6 ҳазор қоидавайронкунӣ ошкор карда шуд
Дар шаҳри Ваҳдат шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ ба истифода дода шуд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Узбекистон масоили муқовимат ба ҷинояткории фаромиллиро баррасӣ намуданд
10 РӮЗИ АМАЛИЁТИ ШАРТИИ «ТАСМАИ БЕХАТАРӢ» ВА «СКУТЕР». Зиёда аз 1000 ҳолати риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми прокуророни генералии давлатҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои ИДМ баргузор гардид
БОВАРӢ БА ФОЛБИНУ СОҲИР МЕТАВОНАД БА АҚЛ ВА ФИКРИ ИНСОН ЗАРАР РАСОНАД. Ва ё чаро одамон ба фолбинҳо бовар мекунанд?
ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲРО РИОЯ НАМОЕД! Бо иштироки мототсикл ва скутер 140 ҳодисаи роҳу нақлиёт сабт гардидааст
Ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсози сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид
Ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии хизмати ҳарбӣ доир шуд
Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон дар тамринҳои байналмилалии ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар Британияи Кабир иштирок намуданд