Ҳайати Шурои байнидавлатии ҳолатҳои фавқулода бо Маҷмааи «Кохи Наврӯз» ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 18 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 37-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногении кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар доираи он ҳайати меҳмонон бо Маҷмааи «Кохи Наврӯз» шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» дар маркази пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад. Он аз 5 ошёна иборат буда, дар 40 ҳазор метри мураббаъ доман густурдааст. Кохи мазкур, ки дар офаридани он 4000 усто аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст.
«Кохи Наврӯз» дорои 15 толор мебошад, ки «Зарандуд», «Гулистон», «Дидор» ва «Аржанг» калонтарини онҳо ба шумор мераванд. Ба ғайр аз ин боз чунин толорҳо: боулинг, билярд, диско-клуб, кинотеатр 3D, 4D, 5D, кофе брейк — хонаи интизорӣ, се толори дигар барои шахсони муҳим (VIP) ва тарабхонаи замонавии аврупоӣ ба кох ҳашамат зам намудаанд.
Меҳмонон 17 сентябр бо мақсади шиносоӣ бо таърихи бою ғании халқи тоҷик Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуда, аз фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик бархӯрдор гардиданд.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон чун дастоварди муҳиму фарҳангии даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар кори пуршарафи гирдоварӣ, омӯзиш, нигаҳдорӣ, ташвиқу тарғиби ёдгориҳои таърихӣ ва осори моддию маънавӣ хизмат мекунад. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон имконияти хуби пешбурди корҳои ҷамъоварию нигаҳдорӣ, илмию таҳқиқотӣ ва оммавию маърифатӣ мавҷуд буда, экспозитсияи он дар асоси нақшаи мавзуӣ-экспозитсионӣ, ки дар илми осорхонашиносии муосир камназир мебошад, сохта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки меҳмонони Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногении кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷумҳуриҳои Озорбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон буданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад






