Ҷаласаи 21-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр дар шаҳри Москва ҷаласаи 21-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Русия Марат Хуснуллин баргузор шуд.
Дар он масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳо баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки соли 2024 ҳаҷми гардиши савдо бо Федератсияи Русия 1,9 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023 200 миллион доллар зиёд аст.
Дар 8 моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни ду кишвар ба беш аз 1,4 миллиард доллар расида, суръати афзоиш 13 дарсадро ташкил дод.
Ҷонибҳо ҳамзамон омодагии худро ҷиҳати густариш ва истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда изҳор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот Протокол оид ба фаъолияти муштараки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба имзо расид.
Дар ҷаласа инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.













Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






