Аз 1 октябр молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ ва содиротӣ тавассути низоми «АСИКУДА-и ҷаҳонӣ» ба расмият дароварда мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 октябри соли 2025 молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ ва содиротӣ тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон «АСИКУДА-и ҷаҳонӣ»* ба расмият дароварда мешаванд. Чунин иттилоъ додааст Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ.
Тадбири навбатӣ дар доираи иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқгардонии расмиёти гумрукӣ ба стандартҳои байналмилалӣ андешида шудааст.
Системаи «АСИКУДА» бо назардошти имконоти технологияи рақамӣ чун тарҳи навтарин низом ва услуби корро самаранок мегардонад. Дар ин самт аллакай аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддию техникӣ муҳайё гардида, бо шарикон ба таври густурда ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.
Рушди технологияи муосир ва хизматрасонии замонавии электронӣ тақозои замон аст. Дар Тоҷикистон низ барои дастрасии фарох ба он, аз ҷумла дар соҳаи гумрук имконият ба роҳ монда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешоҳангӣ шинохта шудааст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ имрӯз Тоҷикистон дастовардҳои хос дошта, бо назардошти рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла муҳайё сохтани имконоти боз ҳам бештару беҳтари хизматрасонӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Масалан, ҳадафҳо дар самти татбиқи ҳукумати электронӣ, ки ин тасмим бо мақсади мукаммалгардонии кору хизматрасониҳо пеш гирифта шудааст, дар як вақт бо таъмини суръат ва сифат иҷрои амалҳои зуруриро таъмин менамояд, ки ин ҳам вақт ва ҳам хароҷотро коҳиш хоҳад дод.
Барои муносибгардонии назорати гумрукӣ ва суръат бахшидан ба равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ аз молворидкунандагон дар шакли электронӣ тавассути ин низоми иттилоотӣ манзур намудани маълумоти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ на дертар аз ду соат қабл аз расидани онҳо ба сарҳади гумрукӣ талаб карда мешавад.
Гузариш ба истифодаи низоми иттилоотии «АСИКУДА-и ҷаҳонӣ», ки аксари қисматҳои он ба таври худкор ва бо истифода аз унсурҳои зеҳни сунъӣ амал менамоянд, барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиётро таҳти ҳамаи расмиёт ва низомҳои гумрукӣ фаро гирифтааст. Он ба содагардонӣ ва шаффофияти расмиёти гумрукӣ, тақвияти назорати гумрукӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ мусоидат намуда, дар самти рақамикунонии равандҳои гумрукӣ ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ марҳилаи муҳим маҳсуб мешавад.
___________
*АСИКУДА – (Automated System for Customs Data) -низоми автоматикунонидаи маълумоти гумрукии системаи компютерие аст, ки аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд барои идоракунӣ ва рушди гумрукии давлатҳои ҷаҳон таҳия карда шудааст.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






