Ба нархномаи хизматрасониҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов тағйирот ворид гардид. Шарҳи АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2025 08:38

ДУШАНБЕ, 17.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 августи соли 2025 «Дар бораи нархномаи хизматрасониҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» аз 1 сентябри соли равон нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои ҳама истифодабарандагони пойтахт тағйир ёфт.

Тавре зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» хабар доданд, нархномаи хизматрасониҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои сокиноне, ки бо ҳисобкунакҳои обӣ таъмин мебошанд- чӣ барои муштариёни баландошёна ва чӣ ҳавлиҳо барои 1 метри кубӣ 2 сомонию 60 дирамро ташкил медиҳад.

Муштариёне, ки дар хонаҳои заминӣ истиқомат мекунанду ҳисобкунаки обӣ надоранд, барои онҳо ҳаққи хизматрасонӣ ба сари як муштарӣ 23 сомонию 39 дирам рост меояд. Дар ин замина муштариёне, ки дар биноҳои баландошёна зиндагӣ менамоянду дар онҳо ҳисобкунаки обӣ насб карда нашудааст, 28 сомонию 07 дирам пардохт хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки тағйирот ба нархномаи хизматрасониҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои муносибгардонии фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ ва кам кардани талафот дар шабакаҳои оби нӯшокии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ба роҳ монда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, шуруъ аз соли 2018 то инҷониб ба тарифҳои хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ ва қабули рафъи партовҳо дар Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» тағйирот ворид нашудааст. Тибқи қарори нави Раиси шаҳри Душанбе, тартиби пардохт барои муштариёне, ки дар хонаҳояшон ҳисобкунаки обӣ насб карда нашудааст, сарикасӣ дар як моҳ барои 1 нафар барои хонаҳое, ки аз ҷӯмакҳои наздиҳавлигӣ истифода мебаранд, ҳаққи хизматрасонӣ 7 сомонию 41 дирамро ташкил медиҳад.

Тавре аз Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» иттилоъ доданд, ҳоло барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, кам намудани талафоти об ва пурра фаро гирифтан ба шартномабандӣ корҳои фаҳмондадиҳию амалӣ бо муштариён ҷиҳати пардохти пурраю саривақтии ҳаққи хизматрасониҳо ва насб намудани асбоби муосири обҳисобкунӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҳамчунин барои иваз намудани қубурҳои фарсудаю корношоям чораҳои зарурӣ дида мешаванд.

Бояд гуфт, ки тибқи қарори нав нархномаи хизматрасониҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар ташкилоти буҷетӣ барои истифодаи 1 метри мукааб об 3 сомонию 59 дирам ва дар ташкилоти тиҷоратӣ ба 9 сомонию 10 дирам баробар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳри Душанбе насби ҳисобкунакҳои ҳушманди ултрасадоӣ ҳамчун лоиҳаи пилотӣ ба роҳ монда мешавад. Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳисобу назорат, истифодаи самараноки об ва ба роҳ мондани системаи муосири обрасонӣ амалӣ карда мешавад.

Барои татбиқи марҳилаи аввал 311 ҳисобкунаки ултрасадоӣ бо андозаҳои гуногун (DN15 то DN200) пешбинӣ карда шудааст. Ҳисобкунакҳо имконият медиҳанд, ки маълумот ба таври худкор ба шабака интиқол ёбад ва дар маркази назоратӣ сабт ва коркард гардад.

Татбиқи пурраи лоиҳа қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва идоракунии сарфаи оқилонаи захираҳои обӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Насби ҳисобкунакҳои ҳушманди ултрасадоӣ — қадами нав дар самти идоракунии муосири об ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони пойтахт хоҳад буд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»/манбаъҳои боз

Сентябрь 17, 2025 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи Бонки Осиёии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон муҳокима гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ густариш меёбад
Масоили коркарди дубора ва ивази мавод барои кам кардани хатари партовҳои пластикӣ баррасӣ гардид
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон оид ба андозаи нави ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маълумот медиҳад
Дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон муҳокима гардид
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар шаҳри Пензаи Федератсияи Русия талабгори зиёд пайдо намудаанд
Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба ҷалби сармояи мустақими Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ шуд
Ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ ва муколамаи миллии сиёсӣ оид ба идоракунии захираҳои об баргузор гардид