Бозиҳои III кишварҳои аъзои ИДМ расман ифтитоҳ шуданд

Сентябрь 29, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 29.09.2025. АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар варзишгоҳи нави шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Бозиҳои III кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ифтитоҳ гардиданд, ки дар он варзишгарони тоҷик низ иштирок доранд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои III кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.

Зимни ифтитоҳи бозиҳо дорандаи медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба намуди ҷудо байни наврасон дар соли 2025 Мадина Қурбонзода парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон буд.

Ба ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин бозиҳо 208 нафар, аз ҷумла 142 варзишгар дохил мебошанд. Мусобиқаҳо дар 12 иншооти варзишӣ, дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои III кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зиёда аз 10 рӯз давом карда, дар он 2400 нафар аз кишварҳои Иттиҳод, ҳамчунин Туркия, Покистон, Уммон, Куба ва Кувайт иштирок менамоянд.

Варзишгарон барои 246 маҷмуи медалҳо дар 23 намуд рақобат мекунанд. Намояндагони Тоҷикистон дар 18 намуд: баскетбол, батут, бокс, волейбол, гӯштини озод, гӯштини юнону румӣ, камонварӣ, каратэ, қаиқронӣ, самбо, таэквондо WT, тирандозӣ, футбол, шамшербозӣ, шиноварӣ, ҷудо ва ғайра иштирок менамоянд.

Маросими пӯшидашавии Бозиҳои III кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 8 октябр дар варзишгоҳи Ганҷа баргузор мешавад.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»/Радиои «Ховар» аз шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 29, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд