Дар Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи сеюми моҳи сентябр тибқи дархости Ҷумҳурии Қазоқистон ва дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин давлат намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида мешавад.
Аз вилояти Хатлон ба намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ меваҳои тару тоза, хушкмева, сабзавот, тарбузу харбуза ва дигар маҳсулот пешниҳод карда мешаванд. Дар назар аст, ки дар намоиш-фурӯш ширкатҳои консервабарорӣ ва истеҳсолкунандагони шириниҳои миллӣ (қанду набот, ҳалво, кулчаҳо) дастранҷи худро пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 16–17 августи соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Дар намоиш беш аз 1000 тонна маҳсулот аз ҷониби кишоварзон, ҳунармандон ва корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба намоишу фурӯш бароварда шуданд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд






