Дар Хоруғ корхонаи истеҳсоли макарон бунёд карда мешавад

Сентябрь 19, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 19.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли макарон, 13 нуқтаи партовгоҳи муосир ва девори муҳофизатӣ бо масофаи 113 метр бунёд карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.

Зимни муаррифии тарҳи лоиҳаҳои нави сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истеҳсоли макарон имконият медиҳад дар оянда дар шаҳр маҳсулоти ғизоӣ бо сифати баланд истеҳсол гардад. Амалӣ шудани ин лоиҳа боиси фароҳам гардидани ҷойи нави кор ва таъмин намудани бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти ватанӣ мегардад.

Сохтмони 13 нуқтаи партовгоҳи муосир дар беҳсозии муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи санитарии шаҳр нақши муҳим мебозад.

Бунёд гардидани девори муҳофизатӣ бо масофаи 113 метр дар маҳаллаи Гулмамад ба ҳифзи аҳолӣ аз хатарҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ ва таъмин намудани амнияти иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Хоруғ бобати муҳайё намудани шароити беҳтари зисту таҳсил барои хонандагон, бахусус кӯдакону наврасоне, ки аз деҳоти дурдаст омадаанд, хобгоҳ сохта мешавад.

Татбиқи ин гуна лоиҳаҳо на танҳо симои шаҳрро дигаргун менамояд, балки ба рушди иқтисодӣ, фароҳам овардани ҷойи нави кор ва беҳсозии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Сентябрь 19, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид