Дар Кӯлоб бо ҷавонон ва фаъолони ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид

Сентябрь 7, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 07.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон, намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҷавонон ва фаъолони ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар   вохӯрӣ вобаста ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва рушди босуботи мамлакат, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон маърузаҳо пешниҳод карда шуданд.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаи тоза  боз намуда, барои рушду пешрафти соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам овард.   Давоми солҳои солҳоибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои ҷомеа, хусусан рӯзгору фаъолияти ҷавонон  навгонии зиёде рӯйи кор омад, сиёсати давлатии ҷавонон татбиқ гардид ва имконияти  фаровон барои пешрафти ин қишри ҷомеа фароҳам оварда шуд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо зарур аст, ки ҳар фард, махсусан насли наврасу ҷавон  ба эътимоду эътиқоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардад, маърифату ҷаҳонбинии худро таҳким бахшида, барои баланд бардоштани нуфузу эътибори миллат, пойдории давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд дар марҳилаҳои амалишавии ормонҳои халқу миллат саҳм гузорад.

Дар анҷом ба як зумра фаъолон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ,  инчунин ба аъзои нави ҳизб дар фазои тантанавӣ билети ҳизбӣ ва нишони сарисинагӣ супорида шуд.

  АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Сентябрь 7, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд