Дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад

Сентябрь 26, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 26.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар доираи  Форуми байналмилалӣ таҳти унвони  «Афзалияти рушди омор: нақши лоиҳаҳои байналмилалӣ»  ҷаласаи 73-юми Шурои роҳбарони мақомоти омори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз намуд, ки мутахассисони соҳаи омор дар татбиқи нақшаю барномаҳои корӣ метавонанд танҳо бо кӯшишу талошҳои рӯзафзун, пешниҳоди маълумоти дурусту боэътимод ва шаффоф саҳм гузоранд.

Дар ҷаласа масъалаҳои раванди амалисозии Лоиҳаи «Рушди омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», омодагӣ ба баргузории маъракаи барӯйхатгирии аҳолии давраи 2030 дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва баргузории ҷаласаи 74-уми роҳбарони мақомоти омори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад