Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоиши «Шукуҳи Истиқлол» баргузор гардид

Сентябрь 23, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 23.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 20 сентябр дар  шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Хоруғ, Рӯшон Шуғнон, Мурғоб, Дарвоз) бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи ҳамоиш мулоқоту суҳбатҳои судманд бо ҷавонони фаъол, чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои маърифатӣ ташкил гардида, таърихи истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон мавриди арзёбӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.

Намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҷавононро даъват намуданд, ки дар баробари омӯхтани забонҳои хориҷӣ, инчунин мутахассиси хуб бошанд, зеро нафаре, ки воқеан ҳам соҳибкасбу мутахассиси хуб аст, дар ҳама ҷо метавонад соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардад.

Таъкид гардид, ки дар замони имрӯза вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр пурпечутоб буда, аз ҳар ҷавони худогоҳу ватандӯст зиракии сиёсӣ талаб мекунад. Ба қадри сулҳу субот ва осоиштагӣ расида, тамоми саъю кӯшишро ба ҳифзи он равона кардан зарур аст.

Ҷавобан ба ғамхорию дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат ҷавононро мебояд дар марҳилаи имрӯзаи давлатдорию давлатсозӣ бо илму дониши қавӣ, ақлу заковати зеҳнӣ, истеъдоду малакаи фитрӣ, маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, қобилияту ташаббусҳои наҷиб, иқдоми бунёдкорона, касбу ҳунари воло, дарки баланди масъулияти инсонӣ ва ватандӯстию хештаншиносӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат саҳми арзишманд гузоранд.

Чунин ҳамоишҳо ба таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба рамзҳои муқаддаси давлату миллат равона гардидаанд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд