Дар Шуғнон корхонаи нави истеҳсоли асфалт ба фаъолият оғоз кард

Сентябрь 21, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 21.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии пайвастаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои соҳибкорони муваффақи ватанӣ, соҳаи саноати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сол ба сол рушд намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардида истодааст. Дар ҳамин замина  дар деҳаи Бердибекободи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон корхонаи нави истеҳсоли асфалт мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд,  дар марҳилаи оғози фаъолияти расмии корхона, роҳбарияти вилоят  таъкид намуданд, ки аввал роҳҳои марказии шаҳри Хоруғ  мумфарш карда шаванд ва баъди анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ дар маркази вилоят, иқдомоти минбаъда ба сӯи навсозии дигар роҳҳо равона карда шавад.

Иброз гардид, ки фаъол гардидани чунин иншоот идомаи мантиқии сиёсати созанда ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба рушди саноат, дастгирии соҳибкорон ва таъмини некӯаҳволии мардум равона шудааст.

Сокинони деҳаи Бердибекобод изҳор доштанд, ки ифтитоҳи чунин корхонаи бузурги саноатӣ рӯйдоди таърихӣ ва сарчашмаи ифтихор  буда, қадами дигар барои ободу зебо гардидани ин гӯшаи ватани азизиамон Тоҷикистон дониста мешавад. Аҳолии деҳот бо  самимият изҳор доштанд, ки дастгириву ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум неруи тоза мебахшад ва барои зиндагии шоиста заминаи муосидро  фароҳам меорад.

Бунёди корхонаи нави саноатӣ дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон дар доираи татбиқи ҳадафҳои эълонгардидаи «Солҳои рушди саноат» амалӣ гардида, ба таъмини  маҳсулоти асфалти зарурӣ барои мумфаршкунии роҳҳои дохили ноҳияҳо ва шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат хоҳад кард.

Арзиши умумии лоиҳа беш аз 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ буда, он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Шоҳрух Искандаров сохта шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Сентябрь 21, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд