Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи Озарбойҷон нахустин бозӣ доир менамоянд

Сентябрь 27, 2025 11:34

ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  Варзишгоҳи марказии шаҳри Габалайи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар доираи Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол нахустин бозии худро бо дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Озарбойҷон баргузор менамояд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Бозӣ ба вақти Озарбойҷон соати 12:00 ва ба вақти Душанбе соати 13:00 оғоз меёбад. Барои дастгирӣ ва мухлисии бозингарони тоҷик ҳаводорони варзиши тоҷик ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намудаанд. Умедворем, ки  футболбозони навраси тоҷик дар ин бозӣ  ғолиб омада, дили ҳазорон нафар мухлисони футболи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шод мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои сеюми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи 22 намуди варзиш дар Ҷумҳурии Озорбойҷон аз 25 сентябр то 9 октябри соли равон идома меёбад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бозиҳо 208 нафар, аз ҷумла 59 нафар масъулину мураббиён, 7 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма ва 142 нафар варзишгарон иштирок доранд.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» ва Радиои «Ховар»
аз шаҳри Габалайи Ҷумҳурии Озарбойҷон

Сентябрь 27, 2025 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд