DITE-2025: Душанбе ба маркази нави сайёҳии байналмилалӣ табдил меёбад

Сентябрь 23, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 23.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоию пуштибонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (DITE) ба майдони муҳими минтақавию байналмилалӣ табдил ёфт. Агар соли 2024 нахустин намоишгоҳ оғози анъанаи нави муаррифии имконияти сайёҳии пойтахт бошад, пас DITE-2025, ки аз 18 то 20 сентябр дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии Душанбе «Dushanbe Expo» баргузор гардид, ин равандро идома дода, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст шуд. Чунин иброз дошт мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед зимни мусоҳиба бо корманди АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа Акбар, ки дар пешорӯи Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ анҷом дода шуд. Шакли пурраи мусоҳиба пешниҳод карда мешавад.

 – Натиҷаҳои дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанберо чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

– DITE-2025, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» ва шарикони рушд баргузор карда шуд, бо натиҷаҳои бисёр қаноатбахш ҷамъбаст гардид. Дар он беш аз 200 ширкат, аз ҷумла 65 ширкати хориҷӣ аз Аврупо, Осиё, Шарқи Наздик ва Амрико иштирок намуд ва давоми се рӯз зиёда аз 10 ҳазору 500 меҳмон аз намоишгоҳ боздид кард. Ин омор собит месозад, ки намоишгоҳ воқеан ба сатҳи байналмилалӣ баромада, Душанбе ҳамчун яке аз марказҳои муҳими муаррифии имконияти сайёҳӣ эътироф гардидааст.

DITE-2025 нишон дод, ки пойтахти Тоҷикистон дорои тамоми имконият барои баргузории чорабиниҳои калонҳаҷм ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳону сармоягузорони хориҷӣ мебошад. Агар соли 2024, зимни нахустин намоишгоҳ таҷрибаи аввалин андӯхта шуд, имсол он таҷриба бо миқёс ва сатҳи нав идома ёфт. Албатта, ҳамаи ин дастовардҳо бо татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиву дастгириҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имконпазир гардиданд.

– Шумораи меҳмонони имсоларо дар муқоиса ба соли 2024 чӣ тавр нисбат медиҳед?

– Рақамҳо худ далели он мебошанд, ки таваҷҷуҳ ба намоишгоҳ сол ба сол меафзояд. Шумораи меҳмонон нисбат ба соли 2024 тақрибан 50 дарсад зиёд шуд. Ин аз сатҳи баланди баргузории намоишгоҳ ва тақвияти нуфузи он дар дохил ва хориҷ дарак медиҳад. Метавон гуфт, ки имрӯз DITE тадриҷан ба майдони пурнуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ барои муаррифии имконоти сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ табдил ёфтааст.


– Иштироки 200 ширкат, аз ҷумла 65 ширкати хориҷӣ барои нуфузи Душанбе чӣ аҳамият дорад?

– Ин омор аз ҷойгоҳи устувори шаҳри Душанбе дар харитаи байналмилалии сайёҳӣ дарак медиҳад. Иштироки ширкатҳои хориҷӣ робитаҳои иқтисодиро густариш дода, заминаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва баланд бардоштани шинохти байналмилалиро фароҳам меорад. Ҳамзамон он барои ташкили ҳамкории устувор дар соҳаҳои гуногуни сайёҳӣ шароит муҳайё месозад.


– Барномаи намоишгоҳро чӣ омилҳо ҷолиб гардониданд ва кадом қисмати он бештар таваҷҷуҳи меҳмононро ҷалб кард?

– Барномаи имсолаи намоишгоҳ бо миқёс ва гуногунрангӣ фарқ дошт. Ҷаласаи канорӣ ва дарси маҳорат (мастер-класс) мавзуъҳои муҳим, аз ҷумла аз рушди устувори сайёҳӣ то таъсири рақамигардониро фаро гирифтанд. Барои меҳмонон бахши фарҳангӣ ва фестивали таомҳои миллӣ низ бисёр ҷолиб буд.

Меҳмонон на танҳо бо маҳсулоту хизматрасонии ширкатҳо шинос шуданд, балки бо анъанаҳои таомпазӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон низ шиносоии наздик пайдо карданд.


– Ба андешаи Шумо кадом қисмати намоишгоҳ бештар таъсиргузор буд?

– Ҳар яке аз қисматҳо нақши худро дошт. Тавре дар боло ишора кардем, меҳмонон дар баробари чорабиниҳои канорӣ ба фестивали таомҳои миллӣ низ таваҷҷуҳи бештар доштанд. Зимни шиносоӣ бо таомҳои суннатӣ, аз қабили оши палов, фатирмаска ва ширчой на танҳо мазза, балки руҳияи меҳмоннавозии тоҷиконаро низ эҳсос намуданд. Аз ҷиҳати касбӣ ҷаласаҳои канорӣ ва дарси маҳорат имкони мубодилаи таҷрибаи байналмилалиро фароҳам оварданд. Ин омезиши фарҳанг ва таҷрибаи касбӣ ба DITE-2025 махсусият бахшид.


– Вохӯриҳои B2B то чӣ андоза самарабахш буданд?

– Ин вохӯриҳо аз самтҳои муҳими намоишгоҳ буданд. Ширкатҳо имкони муҳокимаи шартҳои ҳамкориро пайдо карданд ва аксарияти мулоқотҳо бо мувофиқаҳо ва ниятномаҳо анҷом ёфтанд.

Намояндагони ширкатҳои хориҷӣ барои ҳамкорӣ дар самти ташкили сайрҳои муштарак ва лоиҳаҳои муштараки маркетингӣ изҳори омодагӣ намуданд.

– Чунин чорабиниҳо то чӣ андоза метавонанд ба ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат намоянд?

– Онҳо на танҳо майдони муаррифии имконияти сайёҳӣ, балки воситаи муассири ҷалби сармояи хориҷӣ низ ҳастанд. DITE-2025 собит намуд, ки таваҷҷуҳ ба бозори Тоҷикистон меафзояд. Ширкатҳои хориҷӣ омодагӣ нишон доданд, ки ба самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла экосайёҳӣ ва сайёҳии варзишию фарҳангӣ сармоягузорӣ кунанд. Зеро дар доираи намоишгоҳ ҷашнҳои миллӣ, ба монанди Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ гардиданд ва аз ҷониби ширкатҳои иштирокдор ба онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Яъне дар оянда дар доираи ҳамкории муштараки ширкатҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ дар арафаи таҷлили ин ҷашнҳои миллӣ ба пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе сайёҳону меҳмонон ҷалб карда мешаванд.


DITE минбаъд бештар ба кадом самтҳо равона мегардад?

– Соли 2026 мо ният дорем бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бахши хусусӣ шумораи ширкатҳо ва кишварҳои иштирокдорро зиёд намоем, бахшҳои нави афзалиятнок, ба мисли экосайёҳӣ, сайёҳии тиббӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ амалӣ кунем ва бахши фарҳангию гастрономии намиошгоҳро васеътар гардонем. Ҳамчунин истифодаи платформаҳои рақамӣ дар DITE густариш меёбад, то имкони муошират байни ширкатҳои иштирокдор ва муаррифии хизматрасонии онҳо боз ҳам бештар шавад.


Асосан, намоишгоҳ танҳо чорабинии тиҷоратӣ нест. Он майдони ҳамаҷонибаи рушди сайёҳии дохилӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ҳамзамон муҳити муаррифии фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ мебошад. Ҳамин омезиши стратегӣ DITE-ро ба василаи муассири муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ табдил медиҳад.

Ин ҳама далели равшани он аст, ки Душанбе қадам ба қадам ба яке аз марказҳои калидии сайёҳии Осиёи Марказӣ табдил меёбад.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 23, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
DITE-2025. Зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан намуданд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат доир гардиданд
Муслим Сафоӣ аз Эрон: «Соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад»
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қазони Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои пешқадами Ҷопон робитаи мустақими академӣ ба роҳ мемонад
«ГАНҶИНАИ МЕРОС». Дар Душанбе Фестивал — намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе беш аз 200 ширкати хизматрасони соҳа иштирок дорад
Вазири сайёҳии Монтенегро бо пойгоҳи омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе баргузор мегардад