Доир ба масоили равобити геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои равобити геоиқтисодию геосиёсии Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи САSA-1000 имрӯз дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Ҳамкории илмию фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи CASA – 1000», «Осиёи Марказӣ дар низоми манфиатҳои геосиёсии лоиҳаи CASA – 1000», «Дурнамои таъмини амнияти нақлиётӣ ва энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ», «Ташаббусҳои энергетикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи лоиҳаи CASA – 1000», Нақши лоиҳаи CASA – 1000 дар истиқлолияти энергетикии Осиёи Марказӣ», «Нақши лоиҳаи CASA – 1000 дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳо маърузаҳо пешниҳод карда шуданд.
Конференсия барои дар амал татбиқ намудани муносибатҳои геоиқтисодию геосиёсии Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи CASA – 1000 равона шуда, инчунин ба баланд бардоштани сатҳи малакаи дониши ҷомеа ва таҷрибаи касбии мутахассисони соҳаи иқтисодиёт, сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ ва энергетика мусоидат намуд.
Зимни маъруза ва музокираҳо коршиносони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва олимону мутахассисон пешниҳодҳои мушаххаси худро атрофи масъалаҳои баррасишаванда иброз намуданд.
Таъкид шуд, ки лоиҳаи CASA–1000 ҳамчун ташаббуси минтақавии энергетикӣ яке аз заминаҳои муҳими таҳкими ҳамгироии иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ва Покистон мебошад. Ин лоиҳа на танҳо аҳамияти энергетикӣ, балки арзиши стратегии геосиёсӣ низ дорад.
Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи CASA–1000 ҳамчун манбаи асосии неруи барқ муҳим буда, зарурати рушди инфрасохтори энергетикӣ, мукаммалсозии қонунгузорӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ бештар мегардад.
Ҳамкории минтақавӣ дар доираи лоиҳаи CASA–1000 метавонад барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои минтақа заминаи устувор гузошта, ба паст гардидани шиддатҳои эҳтимолии геосиёсӣ мусоидат намояд.
Таъкид шуд, ки бо вуҷуди монеаю масоили печида дар минтақа татбиқи лоиҳаи CASA–1000 мушкилоти энергетикии мамлакатҳоро то андозае бартараф менамояд. Он ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуда, рушди саноату сармоягузории давлатҳои минтақаро беҳтар мегардонад.
АКС: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






