«ДОНИШ ВА СУЛҲ». Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе соли нави таҳсил оғоз гардид

Сентябрь 1, 2025 16:50

ДУШАНБЕ, 01.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №4 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе  чун дар дигар муассисаҳои таълимии мамлакат Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  шуъбаи  маорифи ноҳияи Шоҳмансур иттилоъ доданд.

Муассисаи таълимӣ дорои 37 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, астрономия, геометрия, табиатшиносӣ, математика, ҷуғрофия, синфхонаҳои компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, мусиқию хореаграфӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ҳамчунин дар литсей ҳуҷраҳои озмоишгоҳ мавҷуданд, ки дар онҳо барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун асбобу аёнияти дарсӣ насб гардидааст.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода бо хонандагони муассиса вохӯрӣ намуда, иброз дошт, ки бо хониши хубу аъло таҳсил намуда, ҳамчун фарзандони содиқи давлату миллат ба воя бирасанд. Зеро Ҳукумати мамлакат барои насли наврас ва ҷавонон тамоми имконият ва шароити илмомӯзиро фароҳам намудааст.

Иброз шуд, ки 1 сентябр танҳо оғози соли нави таҳсил нест, балки рамзи пайванди ду арзиши олӣ – дониш ва сулҳ мебошад. Ҳар қадаме, ки мо дар роҳи маърифат мегузорем, бояд ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва ободии Ватан равона гардад.

Ёдовар мешавем, ки 20 августи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт «Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Тибқи лоиҳа, «Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» барои 1440 хонанда дар ду баст бунёд шуда, аз 4 бинои ба ҳам пайвасти 4 ошёна иборат аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2025 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд