Гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Русия тақрибан 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Русия тақрибан 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Дар ин хусус 26 сентябр зимни вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Вазири молияи Федератсияи Русия Антон Силуанов иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, 26 сентябр вохӯрии ҷонибҳо дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир гардид. Тарафҳо аҳамияти сатҳи баланди шарикӣ ва нақши Русияро ҳамчун шарики стратегии Тоҷикистон таъкид намуданд.
Дар вохӯрӣ татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи ду давлат ва густариши ҳамкории муштарак баррасӣ карда шуд. Ҷонибҳо ҳамчунин барои густариши ҳамкорӣ дар самти идоракунии рақамии молия, назорати қарзи давлатӣ, табодули таҷриба оид ба барориши коғазҳои қиматнок, аз ҷумла «сабз», дастгирии омодасозии лоиҳаҳо бо ҷалби институтҳои рушд ва коркарди механизмҳои нави маблағгузорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






