«Гимназияи ба номи Ҷалол Икромӣ»-и ноҳияи Ховалинг барои 456 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи таълимии хусусии «Гимназияи ба номи Ҷалол Икромӣ» дар ноҳияи Ховалинг, ки имрӯз бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, аз ду ошёна иборат буда, барои 456 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдулло Ҳасанов ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин гимназияи моҳи феврали соли 2025 дар масоҳати умумии 4 ҳазору 860 метри мураббаъ оғоз гардида, моҳи августи соли равон анҷом ёфтааст. Баробари ифтитоҳи муассисаи таълимӣ 60 мутахассиси маҳалии соҳаи илму маорифи ноҳияи Ховалинг бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
«Гимназияи ба номи Ҷалол Икромӣ» дорои китобхонаи электронӣ, толори варзишии болопӯшида, майдончаи варзишӣ, синфхонаҳои махсуси фаннӣ, ошхона ва биноҳои ёрирасон буда, бо шабакаи мустақилли гармидиҳӣ таъмин мебошад. Муассисаи таълимӣ дорои се озмоишгоҳи фанҳои физика, кимиё ва биология буда, дар он барои омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳурявӣ ва байналмилалӣ 12 маҳфили фаннӣ ба роҳ монда шудааст.
Маблағи лоиҳавии сохтмони гимназияи мазкур 5 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин муассисаи таълимӣ бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ бо сифати баланд бунёд гардида, синфхона ва кабинетҳои фаннию таълимӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷҷаҳаз ва фароҳам гардонида шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд






