«Харитаи роҳ ба самти бетарафии карбон барои Осиёи Марказӣ» дар Токио баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Харитаи роҳ ба самти бетарафии карбон барои Осиёи Марказӣ» дар Муколамаи дуюми вазирони иқтисод ва энергетикаи кишварҳои Осиёи Марказӣ+Ҷопон дар шаҳри Токио баррасӣ карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Муколамаи дуюми вазирони иқтисод ва энергетикаи кишварҳои Осиёи Марказӣ+Ҷопон муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода ба таври маҷозӣ иштирок намуда, иброз дошт, ки имрӯз минтақаи мо пайомадҳои тағйирёбии иқлимро эҳсос менамояд. Воқеияти ин босуръат обшавии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои Осиёи Марказӣ масъалаи бетарафии карбон на танҳо масъалаи рушд, балки масъалаи амният ва шукуфоӣ маҳсуб мешавад.
«Дар айни замон Тоҷикистон барои бетарафии карбон на танҳо барои минтақа, балки барои тамоми сайёра низ саҳми назаррас мегузорад. Бо шарофати захираҳои бузурги энергияи барқароршаванда 98 фоизи неруи барқи мамлакат аз захираҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда мешавад. Ин яке аз баландтарин нишондиҳандаҳо дар ҷаҳон аст», — гуфт Манучеҳр Сафарзода.
Иштирокчиён «Харитаи роҳ ба самти бетарафии карбон барои Осиёи Марказӣ»-ро, ки аз ҷониби Ҷопон бо машварат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳия гардидааст, истиқбол намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд
Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи Бонки Осиёии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон муҳокима гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ густариш меёбад
Масоили коркарди дубора ва ивази мавод барои кам кардани хатари партовҳои пластикӣ баррасӣ гардид
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон оид ба андозаи нави ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маълумот медиҳад






