Имсол кишоварзони Тоҷикистон 432 ҳазору 650 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд

Сентябрь 11, 2025 08:38

ДУШАНБЕ, 11.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, имсол кишоварзони мамлакат 432 ҳазору 650 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи дурнамо, имсол бояд дар 186 ҳазору 883 гектар пунбадона кишт мешуд. Аммо кишоварзони мамлакат дар 174 ҳазору 882 гектар пунбадона кишт намуданд, ки нақша пурра иҷро нагардид.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода 30 январи соли 2025 зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки “соли 2024 аз 175 ҳазор гектар кишти пунбадона кишоварзон 254 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои гузашта кам мебошад. Омили кам гардидани ҳосил дар соли 2024 боронҳои пай дар пайи моҳҳои март ва нимаи май буданд, ки  бинобар он кишти пунбадона тӯл кашид. Яъне дар сатҳи ҷумҳурӣ кишти пахта то 65 рӯз идома ёфт”.

Имрӯзҳо дар саҳро ҳосил фаровон буда, дар айни замон кишоварзон ба ҷамъоварии он машғул мебошанд.

Арзиши аслии пахта сол то сол дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Агар аз як гектар 30 сентнер гандум ва ё пахта рӯёнида, ҳарду маҳсулотро то зинаи охир коркард намоем, дараҷаи даромаднокии пахта нисбат ба гандум то 25 маротиба зиёд мешавад. Аз ҷумла, таркиби чигиташ беҳтарин ашёи хоми саноати хӯрокворию дорусозӣ, ғӯзапояаш муҳимтарин ашёи хоми саноатӣ (коғаз, картон, мебел) буда, боқимондааш ғизои чорво аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 11, 2025 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд
Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи Бонки Осиёии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон муҳокима гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ густариш меёбад
Масоили коркарди дубора ва ивази мавод барои кам кардани хатари партовҳои пластикӣ баррасӣ гардид
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон оид ба андозаи нави ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маълумот медиҳад
Дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон муҳокима гардид
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар шаҳри Пензаи Федератсияи Русия талабгори зиёд пайдо намудаанд
Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба ҷалби сармояи мустақими Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуданд