ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Фаъолияти Абдурауф Зиёев дар шаҳри Панҷакент барои ҳамдеҳагонаш намунаи ибрат аст

Сентябрь 16, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 16.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент Абдурауф Зиёев дар 20 садяк токзори хавозавӣ бунёд карда, 12 навъи ангур парвариш ва соли равон 10 тонна ангур ҷамъоварӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Абдурауф Зиёев солҳои зиёд аст, ки ба парвариши дарахтони мевадиҳанда ва ток машғул мебошад. Номбурда дар мавзеи Навбаҳор бо фарзандонаш ду хоҷагии деҳқонӣ- «Себзор» ва «Бозори Зиё» таъсис дод. Инчунин  дар  8,5 гектар замини лалмӣ бо роҳи кашидани об боғи нави мевадор ташкил намуд, ки то имрӯз аз он 20 тонна себи хушсифат ҷамъоварӣ ва пешниҳоди харидорон гардид.

Ин хоҷагиҳои деҳқонӣ дар самти кишти зироати мавсимӣ низ фаъол мебошанд. Имсол аз сабзавоти тару тоза, картошкаи барвақтӣ ва зироати хӯроки чорво ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намуданд.

Дар замини наздиҳавлияшон бо усули хавозавӣ токзори хурд бунёд ва навъҳои гуногуни себ, нок, анҷиру шафтолу парвариш мекунанд. Таҷрибаи ин деҳқони асил барои дигар сокинони деҳот намунаи ибрат буда, нишон медиҳад, ки бо истифодаи самараноки замин ва меҳнати софдилона метавон зиндагиро обод кард ва дар рушди бозори маҳаллӣ саҳми назаррас гузошт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Сентябрь 16, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид