Китоби «Сиёсатшиносӣ» — фарогири сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон ба нашр расид

Сентябрь 28, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 28.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии таъсиси Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Сиёсатшиносӣ» китоби сиёсатшиносони тоҷик Азимҷон Раҳмонзода ва Рустам Ҳайдарзода ба нашр расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳар мавзуи маърузаҳои китоби «Сиёсатшиносӣ» аз боби алоҳида, зербоб, рӯйхати сарчашмаҳои истифодашуда иборат буда, мафҳумҳои овардашуда ба таври мушаххас ташреҳ дода шудаанд, ки моҳияту мазмуни китобро дар маҷмуъ боло бурдаанд.

Дар воситаи таълимӣ маҷмуаи маърузаҳо аз фанни сиёсатшиносӣ барои низоми кредитии таҳсилотӣ ҳамчун маводи ёрирасон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи талаботи стандарти давлатӣ ва нақшаи таълимии фан омода шудааст.        Асосҳои методологии воситаи таълимро муқаррароти илмии назарияи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсатшиносӣ ташкил менамоянд.

Воситаи таълимӣ барои омӯзиш ва баланд бардоштани маърифати сиёсии омӯзгорон, унвонҷӯён, курсантон, шунавандагон ва тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ судманд хоҳад буд. Инчунин истифодаи ин воситаи таълимӣ барои доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.

Дар муқаддимаи китоб дарҷ гардидааст, ки омӯзиши илми сиёсатшиносӣ на танҳо барои фаҳм ва дарки равандҳои сиёсӣ лозим аст, балки барои таҳлил, арзёбӣ ва хулосабарориҳо низ зарур мебошад. Сиёсат дар радифи дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши барҷастаро соҳиб аст.

Дар китоб муқаррароти асосии назарияҳои мавҷудаи сиёсатшиносӣ арзёбӣ гардида, таҳлили муқоисавии муносибати ин мактабҳо ба масъалаҳои сиёсати ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 28, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад