Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон 34-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 10.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло вақти он расидааст, ки бо такя ба дигар дастовардҳои давраи Истиқлоли давлатӣ рушди босуботи низоми бонкии мамлакатро мақсади асосӣ ва ҳадафи олии фаъолияти минбаъда қарор диҳем. Чунин гуфта шуд дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иброз намуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои ҳар фарди меҳандӯст муқаддас ва далели худшиносии миллию ватандӯстдорӣ аст. Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати озоду соҳибихтиёр гардида, забону фарҳанги тоҷикӣ ва арзишҳои миллӣ рушд ёфтанд. Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо Тоҷикистон дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ, рушди иқтисодиёт, соҳаҳои иҷтимоӣ ва маорифу тандурустӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода гуфт, ки дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим буда, таҳти роҳбарии Сарвари давлат асосҳои қонунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон таъмин гардида, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоии мамлакат муайян карда шуданд. Аз ҷумла, ташаккули низоми бонкдории муосири Тоҷикистон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ муяссар гардида, дар рушду таҳкими низоми бонкии мамлакат тавсияву ҳидоятҳои Пешвои миллат нақши калидӣ доранд. Маҳз бо ташаббусу дастгирии Пешвои миллат дар Тоҷикистон ду маротиба: солҳои 1995 ва 2000 ислоҳоти пулӣ гузаронида шуда, мамлакат соҳиби пули миллӣ гардид.
Ба муомилот ворид шудани пули миллии сомонӣ, ки имсол 25-солагии онро таҷлил хоҳем кард, на танҳо падидаи муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, балки оғози рушду нумуи иқтисодиёт ва дигаргуниҳои мусбати ҳаёти ҷомеаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Зимни маҷлиси тантанавӣ муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон ба мутахассиси департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон мукофоти давлатӣ — медали «Хизмати шоиста» супорид. Зимнан таъкид гардид, ки роҳбарияти мамлакат ҳар иқдому ташаббуси созанда ва заҳмати содиқонаи шаҳрвандонро қадр мекунад.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки мутахассисони бонк донишу таҷриба ва маҳорату малакаи худро минбаъд низ ба рушду нумуи Ватан равона мекунанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад






