«МАН БА ХИЗМАТ МЕРАВАМ». Таҳти ин унвон дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбӣ доир гардид

Сентябрь 29, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилоят таҳти унвони «Ман ба хизмат меравам» иқдоми ҳизбӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Ҳадафи иқдом ҳавасманд намудани ҷавононе аст, ки дар даъвати тирамоҳӣ аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамчун сарбози ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд.

Дар ин иқдом ҷавонони ихтиёрие иштирок намуданд, ки аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ба хизмат ҷалб гардидаанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода иброз намуд, ки бо мақсади роҳнамоии ҷавонон ба шуҷоатмандию далерӣ, дӯст доштани Ватан ва инчунин баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии онҳо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пайваста чунин ташаббусҳо ва чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ доир менамояд.

«Воқеан ҳифзи марзу буми мамлакат, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мебошад. Хушбахтона, имрӯзҳо дар заминаи Истиқлоли давлатӣ ва талошҳои ҳамҷонибаи Роҳбари давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ дар қисмҳои низомӣ таъмин бо хӯрок, машқу тамрин ва шароити буду бош хеле беҳтар гардидааст»,-баён дошт ӯ.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 29, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд