Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи XV байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуда, ғолибон муайян гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Давоми 5 рӯзи рақобат дар сабқати инфиродӣ дар Мусобиқаи XV байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни наврасони то 16-сола варзишгарони Тоҷикистон низ тавонистанд ҷойҳои ифтихориро сазовор шаванд.
Дар мусобиқа 60 варзишгар ва беҳтарин ҳайатҳои даставии теннисбозон аз 13 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон, Амрико, Арабистони Саудӣ, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Федератсияи байналмилалии теннис рақобат карданд.
Нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2005 доир шуда, соли 2021 мусобиқа ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид.
Ғолибони Мусобиқаи XV байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»:
💎 Писарон инфироди то 14 сола
🥇Ҳамза Ал-Мансурӣ 🇸🇦
🥈Бакай Асеинов 🇰🇬
🥉Суҳайл Ат-Тоҷи Ал-Форуқӣ 🇸🇦
💎Бонувон инфиродӣ то 14 сола
🥇Злата Низамиева 🇺🇿
🥈София Пак 🇰🇿
🥉Назли Худайқулиева 🇹🇲
💎Дар намуди ҷуфти миёни писарони то 14 сола
🥇Бакай Асеинов 🇰🇬
Донг Сон Ким 🇺🇿
🥈Суҳайл Ат-Тоҷи Ал-Форуқӣ 🇸🇦
Ҳамза Ал-Мансурӣ 🇸🇦
💎 Дар намуди ҷуфти миёни бонувони то 14 сола
🥇Злата Низамиева 🇺🇿
София Пак 🇰🇿
🥈Назли Худайқулиева 🇹🇲
Айяра Адилбек 🇰🇿
💎 Бонувон инфиродӣ то 16 сола
🥇Илима Гусейнова 🇹🇲
🥈Влада Кузменко 🇰🇿
🥉Аниса Яҳёева 🇹🇯
💎Писарон инфироди то 16 сола
🥇Атай Асеинов 🇰🇬
🥈Иван Бондаренко 🇰🇿
🥉Абубакр Адамов 🇰🇿
💎 Дар намуди ҷуфти миёни бонувони то 16 сола
🥇Илима Гусейнова 🇹🇲
Влада Кузменко 🇰🇿
🥈Сайёра Раҳматуллоева 🇹🇯
Аниса Яҳёева 🇹🇯
💎Дар намуди ҷуфти миёни писарони то 16 сола
🥇Нурислом Мусо 🇰🇿
Атай Асеинов 🇰🇬
🥈Климентий Рудниский 🇰🇬
Алшинхан Муҳаммадкали 🇰🇿
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






